Токаев вазифаҳои навро ба Ҳукумат муайян намуд - ИА Караван Инфо
Токаев вазифаҳои навро ба Ҳукумат муайян намуд

Остона, 03 сентябри соли 2026-АИ «Карван Инфо». Президент Қасим-Жомарт Токаев Сарвазир Олжас Бектеновро қабул намуд ва вазифаҳои калидии Ҳукуматро барои давраи оянда муайян намуд.

Сарвари давлат дастур дод, ки рушди устувори иқтисодӣ таъмин намуда шавад, самаранокии идоракунии давлатӣ баланд бардошта шавад ва корҳо оид ба беҳтар намудани некӯаҳволии шаҳрвандон идома дода шаванд.

“Фаъолияти Ҳукумат бояд ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас равона карда шавад”, — таъкид намуд Президент.

Инчунин ба кори муташаккили мақомоти давлатӣ ва таҳкими интизоми иҷроия диққати махсус дода мешавад.

Аксҳо: Акорда