Вазири ВКХ-и Қазоқистон сафири Чинро қабул намуд
Остона, 13 майи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев сафири ҶХЧ Хан Чунлинро қабул намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва дурнамои густариши онро баррасӣ намуданд.
Ба ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд дар соли 2026 диққати махсус дода шуд. Табодули афкор оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
