Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқоти корӣ баргузор намуда, самтҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаро дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муайян кард.

Сарвари давлат дар оғози мулоқот ҳозирин ва сокинони вилоятро ба муносибати ҷашни Навруз табрик намуда, нақши муттаҳидсозанда ва аҳамияти онро дар таҳкими ҳувияти миллӣ таъкид кард.
Зимни суханронӣ Эмомали Рахмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ–феврали соли 2026 таҳлил намуда, барои сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, бахусус дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарурати суръатбахшии рушди иқтисодӣ таъкид гардид.
Ба истифодаи самараноки захираҳо, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ диққати махсус дода шуд. Ин самтҳо бояд таҳти назорати доимии мақомоти масъул қарор дошта бошанд.
Таҳлил нишон дод, ки суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин замина ба вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллӣ дастур дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот, махсусан дар бахши истихроҷ, ҳамаҷониба таҳлил гардида, барои барқарор намудани рушд чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин зарурати ба фаъолият баргардонидани корхонаҳои бекор ва афзоиши иқтидори истеҳсолии онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ таъкид гардид.
Дар соҳаи кишоварзӣ Сарвари давлат ба суръат бахшидани кишти баҳорӣ, аз ҷумла пахта, ва истифодаи пурраи заминҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки иҷрои нақшаҳои бунёди боғу токзорро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Президенти кишвар зарурати иҷрои саривақтӣ ва пурраи нақшаи даромади буҷет, таҳкими интизоми андоз ва коҳиши қарздориро ҳамчун омилҳои муҳими устувории молиявӣ таъкид намуд.
Фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ мавриди интиқод қарор гирифта, қайд шуд, ки сатҳи хизматрасонӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Дар ин робита супориш дода шуд, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ суръат дода шуда, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба таври куллӣ беҳтар гардад.
Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона гардид. Зикр шуд, ки то имрӯз дар доираи барномаҳои ободониву сохтмон дар вилоят зиёда аз 13 ҳазору 300 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Инчунин нақша аст, ки боз тақрибан 3 ҳазор иншооти дигар бунёд ва ба истифода дода шавад.

Сарвари давлат ба сокинони вилояти Суғд, соҳибкорон ва фаъолон барои саҳмашон дар рушди минтақа изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз меҳнати созанда ва масъулияти баланд заминаи пешрафти минбаъда мебошад.
Дар анҷоми мулоқот раиси вилоят Раджаб Ахмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ду моҳи аввали сол ва иҷрои супоришҳои Ҳукумат ҳисобот пешниҳод намуданд.
Вилояти Суғд яке аз марказҳои муҳими иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад. Вазифаҳое, ки дар мулоқот муайян гардиданд, ба гузариш аз рушди миқдорӣ ба сифатӣ равона шудаанд — тавассути навсозии саноат, рушди бахши аграрӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ.
Дар шароити омодагӣ ба ҷашни истиқлол, минтақа ба як майдони амалии татбиқи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ҳар як лоиҳаи амалӣ ҳамчун ҷузъи стратегияи рушди устувори кишвар арзёбӣ мегардад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
