Қазоқистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд

Остона, 9 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири энергетикаи Қазоқистон Эрлан Аккенженов бо муовини вазири иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Кенҷӣ Ямада мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшударо баррасӣ карданд

Ба соҳаи нафту газ диққати махсус дода шуд: рушди инфрасохтори коркарди нафт, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир. Қазоқистон шарикии стратегии худро бо Ҷопон хеле қадр мекунад. Мо ба густариши ҳамкории дарозмуддат бо шарикони ҷопонӣ, ки дорои иқтидори назарраси технологӣ ва сармоягузорӣ мебошанд, манфиатдорем”, – изҳор дошт вазири энергетикаи ҶҚ.

Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) ва рушди камкарбонро алоҳида муҳокима намуданд. Қазоқистон ба ҷалби ширкатҳои ҷопон ба лоиҳаҳои соҳаи МБЭ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои дуҷонибаи иқлимӣ ва технологӣ манфиатдор аст. Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои энергетикаи барқ, навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ мубодилаи афкор намуданд.

Қазоқистон дорои заминаи назарраси захиравӣ, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ мебошад ва барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ шароит фароҳам меорад. Мо омодаем, ки ба шарикони ҷопон ҳамаҷониба кӯмак расонем”, – таъкид намуд Ерлан Аккенженов.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҷонибдори идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи шарикии қазоқистон ва ҷопон дар соҳаи энергетика шуданд.

Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ